Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз баъди ду моҳ соҳиби бинои нав мегарданд
ХОРУҒ 12.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкурсии бинои сеошёна барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз моҳи сентябри соли гузашта гузошта шуд ва мутобиқи нақша, бинокорон бояд онро давоми як сол ба истифода медоданд. Азбаски ҳавои зимистони имсола барои корҳои сохтмонӣ мусоид буд ва дар маблағгузорӣ низ ҳеҷ мушкиле пеш наомад, коргарон тасмим гирифтанд, ки бинои навбунёдро то фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Сардори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Болдинг компания» Абдулҳомид Ҳоҷатов, ки бунёди бинои мазкурро бар уҳда дорад, изҳор дошт, ки «барои бунёди ин бино Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 6 миллион сомонӣ ҷудо кард. То имрӯз ба маблағи қариб 2 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуданд. Дар сохтмони мазкур 44 нафар аз ҷавонони маҳаллӣ кор мекунанд ва музди меҳнаташонро сари вақт мегиранд. Сифати кори бинокорон аз ҳар ҷиҳат ба масолеҳи сохтмонӣ вобастагӣ дорад».








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






