Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири саноати мудофиавӣ ва аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот намуд

Апрель 5, 2018 16:44

ДУШАНБЕ, 05.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 апрели соли 2018 мулоқоти Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Каҳҳоров бо Вазири саноати мудофиавӣ ва аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон Бейбут Атамкулов, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, баргузор шуд. Дар ин бора аз дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, дар самти ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, саноати мудофиавӣ, воситаҳои техникии таъмини амният ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ ва ифодакунандаи манфиати тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тарафҳо зимни суҳбат, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ба хулосае омаданд, ки чунин ҳамкориро ба манфиати ҳарду кишвар боз ҳам рушду тавсеа бахшанд.

 

Апрель 5, 2018 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд