Лионел Месси сафири масъул оид ба туризми СММ таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари аргентинии дастаи фулболи «Барселона» Лионел Месси сафири масъул оид ба туризми Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳии СММ (UNWTO) таъйин шуд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, таъйиноти Мессиро котиби кулли UNWTO Зураб Пололикашвили пас аз бозии шанбегии «Барселона» — «Леганес» дар варзишгоҳи «Камп Ноу» эълон намуд.
«Саёҳат ҳамеша ба ман имкон медиҳад, ки бо фарҳангу ҷомеаи дигар ошноӣ пайдо кунам, чунончи тарзҳои дигари дидани ҷаҳон, тавре ман фикр дорам, таассуроти инсонро хеле ғанӣ мегардонанд. Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳии СММ дар он самт фаъолият мекунад, то ки туризм манбаи рушд гардад. Ман хеле хушҳолам, ки ба ин кор пайвастам», — мегӯяд Мессии 30-сола.
Бино ба гуфти Пололикашвили, Месси — варзишгари беҳамтост ва ин мисоли он аст, ки неруву матонат ва талоши пайваста ҳамеша натиҷаи хуб медиҳанд. Месси 8 карат қаҳрамони Испания дар ҳайати «Барселона», 5 маротиба барандаи Ҷоми Испания ва 4 бор ғолиби Лигаи Аврупо гаштааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






