«Ман ба Ватан даркорам!» – шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Апрель 26, 2018 17:48

ДУШАНБЕ 26.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (25.04.2018, №82) бо суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рубрикаи «Сухани рӯз»: «Расидан ба рушди устувор, шукуфоӣ ва амният танҳо тавассути ҳамкории оқилонаву самаранок, ҳамкорие, ки бар пояи эътимоди мутақобила ва ба назар гирифтани талаботу ниёзҳои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор асос ёфтааст, муяссар мегардад» пешкаши хонандагон шудааст. Вобаста ба ин мавзӯъ, нашрия аз иштироки вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва мулоқоти ӯ бо вазири корҳои хориҷии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф, инчунин дар бораи машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин ва дар Душанбе баргузор шудани конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Об чун омили амният ва ҳамкорӣ дар кишварҳои ИДМ» хабарҳо нашр кардааст.

Мақолаи таҳлилии «Саноат. Пажӯҳишҳои нуҳуфта» доир ба лоиҳаҳои аз ҷониби олимони «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии саноат» таҳияшуда навишта шудааст. «Кормандони пажӯҳишгоҳ бовар доранд, ки агар сармоягузор пайдо гардаду нақшаҳояшон мавриди амал қарор гиранд, фақат дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 30 корхонаи азим бунёд меёбад, ки маҳсулоти онҳо дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро соҳиб хоҳад шуд. Парвариш ва коркарди соя (лӯбиёи чинӣ) яке аз барномаҳои дигарест, ки дар шароити Тоҷикистон ниҳоят самараовар аст. Ин рустаниро ҳамчун зироати кишти дуюм парвариш намуда, аз он равғанҳои техникӣ ва маводи дигар истеҳсол кардан имкон дорад. Тарҳи мазкур чанд маротиба ба соҳибкорони ватанӣ пешниҳод гардидааст. Бо вуҷуди сердаромаду камхарҷ будани татбиқи лоиҳа, мутаассифона, соҳибкорон ба он таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд. Зеро онҳо бо олимону мутахассисони пажӯҳишгоҳ ҳамкорӣ надоранд ва аз имконияту зарфиятҳои табиии кишвар бехабаранд. Ин ҳолат ба рушди тадқиқоти илмӣ дар ҷодаи саноат ва истеҳсолоти ватанӣ таъсири манфӣ хоҳад гузошт», — навиштааст муаллифи мақола.

«ҲНИТ ҳаммаслаку ҳампешаи ДИИШ» — бо ин ном дар саҳифаи аввали нашрия мақолаи дигари таҳлилӣ нашр шудааст, ки он аз ҷиноятҳои пурваҳшонияти ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ бо далелу рақамҳои раднашаванда нақл мекунад: «Аз лиҳози моҳият ва муҳтаво аҳдофи ТТЭ ҲНИТ ва ДИИШ аз ҳам тафовути ҷиддӣ ва зиёде надоранд, он чиро ки ДИИШ дар сатҳи «Хилофати исломӣ» татбиқ кардан мехоҳад, ҲНИТ дар сатҳи кишвари мо мехоҳад татбиқ кунад». Муаллифи мақола дар идома чунин навиштааст: «Агар ба эътибор гирем, ки ТТЭ ҲНИТ дар арсаи чунин муҳорибаҳои хунини ифротгароён бозигари навзуҳур нест ва таҷрибаи хеле тӯлонии муборизаи сиёсӣ ва мусаллаҳонаро дорад, ки ҳатто ДИИШ надорад, пас метавон пай бурд, ки ҳузури чунин ҳизби ифротӣ ва саркардагони тундраву мутаассиби он, ки дастҳояшон дар хун олуда аст, дар арсаи сиёсии ҷомеаи мо то кадом андоза хатарзо хоҳад буд».

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» (26.04.2018,№51) оид ба баргузор шудани семинари омӯзишӣ барои котибони комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ бо сарлавҳаи «Баҳри пешгирии қонуншиканиҳо чӣ бояд кард?» хабари муфассал чоп кардааст. «Соли ёздаҳум аст, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад. Бешубҳа, он дар ҳаёти иҷтимоии сокинони мамлакат таҳаввулоту дигаргунӣ ворид намуд. Ин санади муҳим, ки талаботаш риояи сарфаю сариштакорист, боиси баланд шудани фарҳанги маъракаороии ҳамватанон гардид», — омадааст дар ин мавод.

Нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» бо сарлавҳаи «ВМКБ боз бе медал» аз натиҷаҳои олимпиадаи даставии хонандагони мактабҳои кишвар мақола нашр кардааст. Дар мақола омадааст, ки дастаи хонандагони шаҳри Душанбе бо гирифтани 23 медал ҷойи аввал, вилояти Суғд бо гирифтани 28 медал ҷойи дуюм ва вилояти Хатлон бо гирифтани 14 медал сазовори ҷойи сеюм шуданд. Дастаи хонандагони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соҳиби 3 медал гардиданд. «Боиси таассуф ва нигаронист, ки дар ду олимпиадаи бонуфузи ҷумҳуриявӣ довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби ягон медал нагардидаанд. Масъулинро мебояд ба ин масъала муносибати ҷиддӣ намоянд ва хонандагонро ба олимпиадаҳо ҳамаҷониба омода намоянд», — навиштааст муаллиф ва иттилоъ додааст, ки 4 сол боз олимпиадаи даставии хонандагон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз курси бозомӯзии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ бо унвони «Ҷолиб ва шавқовар» гузориши васеъ нашр кардааст.

Дар саҳифаҳои дигари нашрия мақолаҳои «Ман ба Ватан даркорам!», «Мақбул ва номақбул», «Манфиати миллӣ ва ё манфиати хоҷа», «Ҳар садои дилхарош дилро мушавваш мекунад», «Чаро бо забони ғайр ҳарф мезанем» чоп шудаанд, ки бешубҳа аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта мешаванд.

Апрель 26, 2018 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд