МАРҲАБО БА «БОҒИ ИРАМ»! Рӯзҳои истироҳат дар ин ҷо лаҳзаҳои фароғати сокинону меҳмонони пойтахт рангинтар мегардад

Апрель 5, 2018 09:13

ДУШАНБЕ, 05.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз  7 апрел то 4 ноябри соли равон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе  дар боғҳои  фарҳангиву фароғатии пойтахт барномаи рангини фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегарданд. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шудааст.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  7 апрел дар боғҳои С. Айнӣ, «Парчами давлатӣ»,  «Дӯстии халқҳо», «Ирам», «Рӯдакӣ» ва майдони 800-солагии Москва ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Муасисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе, Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявии Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакону наврасон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодиву консертӣ» ҳунарнамоӣ  мекунанд.      Инчунин рӯзи якшанбе, 8 апрел дар боғҳои зикргардида бахши фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муассисаи давлатии «Ансамбли тарона ва рақс», ноҳияи Рӯдакӣ ва шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуда, фароғату истироҳати мардуми пойтахт ва меҳмононро рангинтар мегардонанд.

Барномаҳои фарҳангӣ- фароғатӣ соати 16:00 оғоз мегарданд.

 

Апрель 5, 2018 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд