Маркази миллии тестӣ: эссеро танҳо довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юм менависанд
ДУШАНБЕ, 18.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ — 2018 (ИМД-2018) эссеро танҳо довталабоне менависанд, ки гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юмро интихоб кардаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои Марказ, бинобар ҷой доштани баъзе мушкилоту монеаҳо барои ҷорӣ кардан ва тафтиши кори хаттӣ (эссе) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2018 он (эссэ) на дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо, балки танҳо вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) роҳандозӣ карда мешавад. Яъне, дар ИМД-2018 эссеро танҳо довталабоне менависанд, ки гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юмро интихоб кардаанд.
«Тибқи тартиби муқарраршуда, довталаб эссеро бо забони тоҷикӣ ё русӣ, ки онро ҳангоми бақайдгирӣ ҳамчун забони имтиҳонсупорӣ интихоб кардааст, менависад», — омадааст дар хабари Маркази миллии тестӣ.
Вобаста ба ин, Маркази миллии тестӣ ба довталабоне, ки гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юм (филология, педагогика ва санъат)‑ро интихоб кардаанд, тавсия медиҳад, ки бо дастуру маводҳои оид ба навиштани эссе таҳиягардида ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрасшуда шинос шаванд ва ба имтиҳонҳо омода гарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






