МАРКАЗИ ТИББӢ-ТАВОНБАХШИИ КМО ӮЗБЕКИСТОН ОМОДА АСТ БА ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ХИЗМАТ РАСОНАД. Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи варзиш рушд меёбанд
ДУШАНБЕ, 11.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо президенти Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон Умед Аҳмадҷонов, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Қабл аз мулоқот меҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш бо шароити кории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, аз ҷумла Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» дидан карда, бо дастовардҳои варзишгарони тоҷик ҳам дар давраи Иттиҳоди шӯравӣ ва ҳам замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шинос шуданд.
Дар оғози суҳбат ҷонибҳо аз боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадии ду кишвари дӯст ва хизматҳои сарони давлатҳо-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ёдовар шуда, изҳори хушнудӣ карданд.
«Шодем, ки ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла соҳаи варзиш миёни ду давлат оғоз шуда, умедворем дар оянда рушд хоҳанд кард. Имрӯз имконият фароҳам омадааст, ки аз таҷрибаи ҳамдигар истифода бурда, дар оммавияти варзиш ва рушди ҳаракати олимпӣ дар давлатҳоямон кӯшиши бештар ба харҷ диҳем», — иброз дошт А. Абдуллозода.
Ҷониби Ӯзбекистон омодагиашро ҷиҳати баргузории ҷамъомадҳои машқию таълимӣ оид ба намудҳои гуногуни варзиш, баргузории мастер-класҳо бо ҷалби беҳтарин мураббиёни ҳар ду мамлакат ва истифодаи варзишгарони тоҷик аз Маркази тиббӣ-тавонбахшии варзишгарон дар назди Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон изҳор дошт.
А. Абдуллозода ва У. Аҳмадҷонов роҷеъ ба дигар самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш табодули афкор намуда, дар охир ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.
Аксҳои КМО ҶТ












35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст






