«Масоили воқеӣ ва дурнамои ҳамкориҳо доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои саломатии оила ва беморон», — таҳти ин унвон дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Апрель 25, 2018 15:56

ДУШАНБЕ, 25.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Масоили воқеӣ ва дурнамои ҳамкориҳо доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои саломатии оила ва беморон»  — таҳти чунин унвон бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  созмони ҷамъиятии «Лигаи занони  ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон  24 апрел Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти  матбуоти  Маркази тадқиқоти  стратегии   назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Дар оғози конференсия Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода баргузории чунин чорабинии сатҳи байналмилалиро дар ҳаёти иҷтимоии кишварамон падидаи  муҳиму мубрам арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳамоиши имрӯза барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии тиббӣ, риояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи тандурустӣ ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Ҳамчунин дар конференсия Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва директори иҷроияи Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода»-и Бунёди мадад дар Тоҷикистон И. Абдуллоев суханронӣ намуданд.

Дар кори конференсия Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар «Шарҳи муфассали натиҷаи тадқиқоти сотсиологӣ доир ба баҳогузорӣ ва динамикаи маърифати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи тандурустӣ / ҳуқуқи беморон»-ро муаррифӣ  намуд.

Инчунин дар конференсия сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев дар мавзӯи «Назари рушди тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои беморон», коршиноси байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Арманистон Виолета Запунян дар мавзӯи «Таҷрибаи Ҷумҳурии Арманистон дар бобати ҳимояи беморон», муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ дар мавзӯи «Фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи солимии занон»,  прокурори калони шуъбаи қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфӣ Иброҳимова дар мавзӯи «Моҳияти ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура», коршиноси  байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Гурҷистон Нино Кикнадзе дар мавзӯи «Таҷрибаи Гурҷистон дар бобати ҳимояи ҳуқуқҳои беморон» ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ аз вилоятҳои  Бадахшону Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маърӯзаҳо намуданд.

 

Апрель 25, 2018 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд