Масъулияти Ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боз ҳам бештар шудааст

Апрель 3, 2018 09:28

НОВОКУЗНЕТСК, 03.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск бо баргузории чорабиниҳои  сатҳи баланд дар минтақаи  Сибир ва Федератсияи Россия машҳур мебошад.  Тавре роҳбари Ҷамъияти тоҷикони ин шаҳр   Шавкатҷон Тоҳиров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, онҳо дар тамоми  чорабиниҳои фарҳангие, ки дар шаҳрҳои дигари Федератсияи Россия ва махсусан минтақаи Сибир баргузор мегарданд, фаъолона ширкат варзида, ба ин восита фарҳангу ҳунар ва анаъанаҳои хуби тоҷиконро дар байни халқу миллатҳои гуногун муаррифӣ мекунанд.

Муовини раиси   Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск Раҳмоналӣ Одинаев зимни суҳбат бо хабарнигори  АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки  «дар баробари   ширкат дар чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳамчунин бо ташаббуси ҷамъият пайваста маҳфилҳои фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегарданд. Хусусан Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 масъулияти моро боз ҳам бештар намуд, зеро ин  боз як фурсати хуб ва мусоидест, ки  мо метавонем ҳам ҳунарҳои мардумӣ ва ҳам ба хотири ҷалби сайёҳон имкониятҳои сайёҳии кишвари худро   муаррифӣ  намоем».

Чанде пеш ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси аъзои ин ҷамъият дар Маркази тиҷоратии шаҳри Новокузнетск бо иштироки доираи васеи намояндагиҳои халқияту миллатҳои гуногуне, ки дар ин шаҳр фаъолият доранд, маҳфили хотирмон баргузор гардид. Гӯшаи ташкилнамудаи Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск, ки инъикоскунандаи расму оини   ҷашни зебои баҳор бо хӯрокҳои миллӣ, аз қабили суманак, нони чаппотӣ, гирдачаву кулчаҳои гуногунҳаҷми тоҷикона,   оши бурида, кочӣ, чанголӣ бо харбузаи қандак,    далда, кашку суманаки дегдонӣ, шакаробу оши палав, самбӯсаҳои танӯрӣ ва ширбиринҷ   нишонаи пурбаракатии дастурхони миллати тоҷик маҳсуб меёфт, пас намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва  либоси ширкаткунандагонаш аз таъриху фарҳанги пурғановати ин миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанг дарак медод. Ин ҳама рангорангӣ ва сатҳи баланди барномаи мазкур диққати иштирокчиёнро бештар ҷалб менамуд.

Масъули  баргузории чорабиниҳои варзишии   Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск Маҳмадкарим Абдураҳимов бо ифтихор изҳор медорад, ки тайи чанд соле, ки онҳо дар чунин чорабиниҳо бо тайёрии хос иштирок мекунанд, тавонистаанд миллати тоҷикро дар байни халқиятҳои гуногун муаррифӣ ва ҳунарҳои гуногуну  истеъдоди нотакрори онҳоро ба дигарон шинос  намоянд. Мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва бозиҳои шавқовари наврӯзӣ, чун гӯштини миллии тоҷикона,  бандкашӣ, тухмбозӣ ва гулгардонӣ дар Новокузнетск ба ҳукми анъана даромадаанд. Гӯштини миллӣ асоситарин варзиши маъмулии иду ҷашнҳо буда, миёни ҳамватанон ва мардумони дигари Сибир низ  маъруфияти калон дорад. Паҳлавонҳои номдори тоҷик аз гӯшаву канори Федератсияи Россия ба  мусобиқаи гӯштин даъват ва ғолибон сазовори ҷойҳои  ифтихорӣ гардида, бо туҳфаҳои хотиравии Ҷамъияти тоҷикон, ҳукумати шаҳри Новокузнетск қадрдонӣ мешаванд. Рақсу суруд  ва барномаҳои театрии донишҷӯёни тоҷики донишгоҳу донишкадаҳои олии шаҳри Новокузнетск, дар маҷмӯъ  минтақаи Сибир ва  дигар ҷавонони тоҷике, ки дар ин шаҳр фаъолият мекунанд, ҳамеша ба маҳфилу чорабиниҳо ҳусни дигар мебахшанд, ки ин ҳама  писанди хотири ҳазорҳо тамошобинон мегардад.

 

Садбарги БОҚӢ,

хабарнигори АМИТ «Ховар», Новокузнетск, ФР

 

Апрель 3, 2018 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад