Миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии аграрии Урали ҷанубии Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев бо ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Урали ҷанубии шаҳри Челябинск Виктор Литовченко мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати мазкур хабар доданд, дар рафти суҳбат ректори донишгоҳ дар бораи фаъолияти донишгоҳ ва нақши он дар рушди шаҳри Челябинск ва соҳаи маориф дар самти кишоварзӣ маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла, Виктор Литовченко зикр кард, ки донишгоҳи мазкур аз рӯйи ихтисосҳои соҳаи кишоварзӣ мутахассисонро омода намуда, бо донишгоҳҳои хориҷӣ низ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.
«Дар донишгоҳ 9 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 700 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, 65 нафар донишҷӯёни тоҷик мебошанд»,-афзуд В. Литевченко.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин аз ҳамкории мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати вусъат додани ин ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии аграрии Урали ҷанубии шаҳри Челябинск созишнома ба имзо расониданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






