Мубодилаи Тасдиқномаҳои Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб
ДУШАНБЕ, 23.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб /АМА/ 18 апрел маросими ба имзо расонидани Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи супоридани маҳкумшудагон аз 17 марти соли 2016 баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Протоколи мазкурро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА Баҳодур Шарифӣ ва аз номи Амороти Муттаҳидаи Араб муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи байналмилалӣ Аҳмад Абдураҳмон Алҷерман ба имзо расониданд.
Мутобиқи моддаи 20 Созишномаи мазкур, он 18 майи соли 2018 эътибор пайдо хоҳад кард.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






