Мулоқоти Музаффар Ҳусейнзода бо Вазири маорифи Руминия Валентин Попа
ДУШАНБЕ, 21.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 апрели соли равон дар шаҳри Бухарест мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Вазири маорифи Руминия Валентин Попа барпо гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаҳои маориф, илм ва технологияҳои нав, танзими робитаҳои мустақими корӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва тадқиқотии ду кишвар мубодилаи афкор намуданд.
Ҳавасмандии амиқ барои густариши муносибатҳо дар доираи барномаҳои таълимии Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла барномаи Эразмус +, таъкид гардид.
Илова бар ин, зимни суҳбат ҷонибҳо ба зарурати бунёди заминаи ҳуқуқӣ барои рушди ҳамкории дуҷониба миёни вазоратҳои маориф ва муассисаҳои таълимии Тоҷикистону Руминия, ҳамчунин даъвати мутақобилаи омӯзгорону донишҷӯён ба мақсади мубодилаи донишу таҷриба таъкид карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






