Мутахассисони ширкатҳои SONY, ICSC ва LiveU дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон дарси маҳорат доир намуданд
ДУШАНБЕ, 07.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» бо иштироки кормандони техникии шабакаҳои телевизионӣ ва Маркази техникии телевизион дарси маҳорат баргузор гардид.
Мутахассисони ширкатҳои SONY, ICSC ва LiveU шунавандагони дарси маҳоратро бо технологияи муосири соҳа, аз ҷумла, фиристандаҳои мобилӣ барои пахши мустақими барномаҳои телевизионӣ тариқи шабакаҳои мобилӣ шинос намуданд.
Ин имкон фароҳам меоварад, ки дар оянда барои бештар гардидани гузоришҳои мустақим дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон технологияҳои ҷадид истифода шаванд.









Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






