«НАҚШИ ПАРЛУМОНИ КАСБӢ ДАР РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад

Апрель 3, 2018 10:03

ДУШАНБЕ, 03.03.2018 /АМИТ«АМИТ «Ховар»/. 5 апрели соли равон Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар мавзӯи «Нақши Парлумони касбӣ дар  рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси ҷумҳуриявӣ  баргузор намояд.

Раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон Ҷурахон Маҷидзода иброз дошт, ки дар кори конфронси мазкур даъвати намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, коршиносони масоили сиёсӣ ва олимон дар назар дошта шуда, аз ҷониби кумитаи тадорукот лоиҳаи барномаи конфронс таҳия гардидааст.

Конфронси ҷумҳуриявӣ дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Апрель 3, 2018 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд