Наврасони Академияи ФФТ дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми раиси шаҳри Бишкек ду пирӯзӣ ба даст оварданд

Апрель 4, 2018 09:57

ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тими наврасони  Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (U15) таҳти роҳбарии сармураббиён Рустам Қурбонов ва Далер Қайсов дар  Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми раиси шаҳри Бишкек оид ба футбол ду вохӯриро бо пирӯзӣ анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар бозии аввал тими наврасони Академияи ФФТ  бо ҳисоби 3:0 дастаи наврасони вилояти Ҷӯйи Қирғизистонро шикаст доданд.

Дар вохӯрии дуюм наврасони тоҷик бо ҳисоби калони 6:0 бар дастаи футболи «Велвет»-и шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ғолиб омаданд.

Имрӯз, 4 апрел тими наврасони Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо наврасони дастаи мунтахаби то 15-солаи шаҳри Бишкек бозӣ мекунанд.

Апрель 4, 2018 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд