Номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур дар ду ҳавзаи интихоботӣ пешбарӣ шуданд

Апрель 2, 2018 11:39

ДУШАНБЕ, 02.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 31 марти соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур Конференсияи XXVII ғайринавбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар кори конференсия масъалаи пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур дар ҳавзаҳои интихоботии № 20 ва №28 ба ҷои вакилони хориҷшуда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба иттилоои манбаъ, дар асоси қарори конференсия муовини якуми раиси ноҳияи Шоҳмансур Абдусаттор Ҷабборӣ номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур дар ҳавзаи интихоботии №28 ва директори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Убайдулло Асрорзода номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур дар ҳавзаи интихоботии №20 пешбарӣ карда шуданд.

Дар конференсия роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, раиси Комиссияи интихоботии ноҳияи Шоҳмансур, вакилони кумитаву ташкилотҳоии ибтидоии ноҳия ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуда, зикр карданд, ки номзадҳои пешбаришуда шахсони ватандӯст, хештаншинос ва арзанда мебошанд.

 

 

Апрель 2, 2018 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард