ОБУ ҲАВО: ҳавои номусоиди боронӣ дар ҷумҳурӣ то пагоҳ идома меёбад

Апрель 18, 2018 08:18

ДУШАНБЕ, 18.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон,  ҳавои номусоид дар ҷумҳурӣ то 19 апрел идома ёфта, тӯли ин муддат боридани боронҳои пуршиддат ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст.

Имрӯз, 18 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шабона дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани барфу борон пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрноки боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Ҳарорат шабона дар водиҳо 4-9 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки боронӣ дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат шабона 4-6 ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 18, 2018 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд