ОБУ ҲАВО: дар Рӯзи пойтахт дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 21.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш гашта, дар баъзе ҷойҳо вазиши сахти шамол дар назар аст.
Имрӯз, 21 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 1-4 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, ҳарорат шабона 3-5 ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






