ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мегардад

Апрель 20, 2018 08:59

ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти    Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта,  дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва фаромадани туман пешбинӣ шудааст.

Имрӯз, 20 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳои дигари вилоят туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барфу борон пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 2-3 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани боронҳои кутоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман пешбинӣ мешавад. Ҳарорат шабона дар водиҳо 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ карда мешавад. Ҳарорат шабона 2-4 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 20, 2018 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад