ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи боронӣ дар назар аст

Апрель 2, 2018 08:13

ДУШАНБЕ, 02.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст.

Имрӯз, 2 апрел дар вилояти Суғд ҳавои абрноки боронӣ гашта, дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 18-23 м дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 2-7 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12-17 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад ва дар баландиҳои 2000 м боридани барф дар назар дошта шудааст. Шабона дар водиҳо 10-15 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 11-13 ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.

 

Апрель 2, 2018 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад