ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст

Апрель 11, 2018 08:29

ДУШАНБЕ, 11.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Имрӯз, 11 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона дар водиҳо боридани борон ва дар баландиҳои 2000 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-11 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, баъзан боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 1-4 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 1-7 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Шабона дар водиҳо 5-10 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 6-8 ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.

 

Апрель 11, 2018 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад