ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои гарми бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 26.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +11+13 ва рӯзона +22+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб ва шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +4+6 ва рӯзона +22+24 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш пешгӯи шуда, гармии ҳаво шабона +13+15 ва рӯзона +26+28 гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +24+26 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳарорати ҳаво ба +10+12 расида, боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






