ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ боридани борону жола дар назар аст
ДУШАНБЕ, 25.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво номусоид гашта, боридани борону жола, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.
Имрӯз, 25 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок гашта, борон меборад. Дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, борон меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли боридани жола дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки боронӣ гашта, раъду барқ ва боридани жола пешбинӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 12-17 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Ҳарорат шабона 14-16 ва рӯзона 18-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






