ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ боридани борону жола дар назар аст

Апрель 16, 2018 08:10

ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шурӯъ аз имрӯз то 18 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ боридани боронҳои пуршиддат ва жола дар назар буда, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст.

Имрӯз, 16 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шабона дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани барфу борон пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво боронӣ шуда, эҳтимоли боридани  жола дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борону  жола ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Ҳарорат шабона дар водиҳо 10-15 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат шабона 12-14 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 16, 2018 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад