ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 28.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, ҳарорат дар баъзе ноҳияҳо то 34 дараҷа гармӣ мерасад.
Имрӯз, 28 апрел дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +9 +14 ва рӯзона +25 +30 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +3 +8 ва рӯзона +19 +24 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш пешгӯи гардида, ҳаво шабона +12 +17 ва рӯзона +29 +34 гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +27 +32 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳарорати ҳаво +9 +11 дараҷа гарм шуда, шамол аз самти шарқ 5 метр дар як сония мевазад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






