ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ чангу ғубор ба амал омада, борон меборад

Апрель 7, 2018 09:03

ДУШАНБЕ, 07.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боридани борон ва дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст.

Имрӯз, 7 апрел дар вилояти Суғд ҳавои абрноки боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани чангу ғубор пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Шабона дар водиҳо 9-14 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона борон меборад. Ҳарорат шабона 10-12 ва рӯзона 20-22 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 7, 2018 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад