Ғолибони пойгаи аспдавонӣ маълум шуданд

Апрель 23, 2018 11:28

ДУШАНБЕ, 23.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи бузкашӣ ва пойгаи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахт мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарон бо беш аз 80 аспи зоти хуби тоҷикиву англисӣ аз корхонаҳои соҳавии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Чобуксаворон дар масофаҳои 1000 метр, 1600 метр ва 2000 метр миёни ҳам сабқат намуданд. Мусобиқа дар 8 марҳила сурат гирифта, дар марҳилаи якум, ки масофаи 1000 метрро ташкил медод, ғолибият насиби асп бо лақаби «Рамз» аз Шермуҳаммад Шоҳиён гардид. Вақти нишондодаи «Рамз» 1­ дақиқаю 09 сонияро ташкил дод.

Дар марҳилаи дуюм миёни аспҳои 3-солаи зоти англисӣ асп бо лақаби «Шерхан-дарк» аз Анӯшервони Рустам дар муддати як дақиқаю 40 сония масофаро паймуда, зинаи аввалро ишғол кард. Дар зинаи дуюм асп бо лақаби «Паймон» аз Сомонҷон ва дар зинаи сеюм асп бо лақаби «Горизонт» аз Хуршед Мирзо қарор гирифтанд.

Дар марҳилаи сеюм миёни аспҳои зоти англисӣ, ки Шоҳҷоиза гузошта шуда буд, бо камтарин тафовут ғолибият насиби аспи Ромиш Умаров бо лақаби «Ваксайд» гардид. Зинаи дуюм насиби «Рахш»-и Анӯшервони Рустам шуд.  Ёдовар мешавем, ки фарқ миёни пешсафи пойга ва «Рахш» ҳамагӣ 0,5 сонияро ташкил дод.

Дар марҳилаи чорум миёни аспҳои 4 солаи зоти тоҷикӣ, ки дар масофаи 2000 метр баргузор шуд, «Энергетик» аз хоҷагии деҳқонии Дошмандии ноҳияи Файзобод ғолиб гардид.

Марҳидаи панҷум миёни аспҳои зоти ахалтекини дар масофаи 600 метр гузаронида шуд. Дар ин масофа асп бо лақаби «Тарнада» аз Муҳиддин Пиров бо нишондоди 1 дақиқаю 56 сония зинаи аввалро ишғол намуд.

Ғолиби марҳилаи шашум миёни аспҳои 3-солаи зоти тоҷикӣ дар масофаи 1600 метр аспи Парвиз Давлатов бо номи «Бомдод» гардид.

Дар марҳилаи ҳафтум дар масофаи 1000 метр миёни аспҳои зоти англисӣ ва ахалтекинӣ аспи Сарвар Қурбонов бо лақаби «Зайтун» ғолиб омад.

Дар марҳилаи ниҳоӣ аспҳои сину соли гунонуни зоти тоҷикӣ дар масофаи 2000 метр сабқат карданд. Миёни 15 аспе, ки дар ин масофа номнавис шуда буданд, асп бо лақаби «Звезда» аз хоҷагии деҳқонии Бегиҷони шаҳри Роғун аввалин шуда, ба марра расид. Ҳамин тариқ ба ғолибоне, ки сазовори зинаҳои ифтихорӣ шуданд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  медалу ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ тақдим гардиданд.

 

Апрель 23, 2018 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст