Олимону адибон ва айнишиносони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Франсия солгарди устод Айниро якҷоя ҷашн мегиранд
ДУШАНБЕ, 09.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Устод Айнӣ ва илму адабу фарҳанг»-таҳти чунин унвон бахшида ба 140-солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад. Дар ин бора директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳамоиши илмӣ бо ташаббуси Институти забон ва адабиёт ташкил гардида, 14 апрели соли равон соати 9 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.
«Дар кори конференсия олимон, адибон ва айнишиносони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Франсия даъват шуда, шунидани қариб 80 маърӯза аз ҷониби иштирокдорон дар мавзӯъҳои «Мақоми «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ дар ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллати тоҷик», «Проблемаҳои муҳим ва мубрами айнишиносӣ», «Мақоми шеър дар шахсият ва эҷодиёти Айнӣ», «Садриддин Айнӣ — рӯзноманигори равшанфикр ва оташнафас», «Симои устод Айнӣ дар таълифоти Сотим Улуғзода», «Ҷойгоҳи устод Садриддин Айнӣ дар ҷомеаи Қирғизистон», «Садриддин Айнӣ дар мактаби адабии Ҳинд», «Забони тоҷикӣ ва қудрати баёни устод Айнӣ» ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст»,-гуфт С. Раҳматуллозода.
Зикр гардид, ки конференсия аз се бахш иборат буда, бахши аввал ба адабиётшиносӣ, дуюм ба забоншиносӣ ва бахши сеюм ба арзишҳои миллӣ ва масъалаҳои таълиму тадрис бахшида мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






