«ОЯНДА АЗ ХУДАТ ВОБАСТА». Дар Рӯшон Фестивали VII мусобиқаи кушод оид ба футбол баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Оянда аз худат вобаста» —таҳти чунин унвон 6 апрел бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «Мегафон» дар ноҳияи Рӯшон Фестивали VII мусобиқаи кушод оид ба футбол байни хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо баргузор шуд.
Тавре хабарнигори рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон» Мамадалӣ Бахтиёров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, сармутахассиси кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон Владимир Домуллоҷонов, менеҷери барномаи «Оянда аз худат вобаста» -и ширкати «Мегафон» Мария Веторази, намояндаи ширкати «Мегафон» дар ВМКБ Раим Саъданшоев, намояндаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ВМКБ Ҷаҳонгир Шанбиев ва дигар меҳмононро дар пештоқи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ба номи Додхудо Карамшоев роҳбарияти Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон ва тарбиятгирандагони он бо нону намак, гулдаста ва суруду мусиқӣ истиқбол намуданд. Баъдан дар майдончаи варзишии мавзеи Ҷангали маркази ноҳия Фестивал доир гашт.
Раиси ноҳияи Рӯшон Имомназар Хоҷаназар ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва роҳбарияти ширкати «Мегафон» изҳори ташаккур намуд, ки чунин як чорабинии бонуфузро дар ноҳияи дурдасти Рӯшон баргузор намуданд.
Менеҷери барномаи «Оянда аз худат вобаста» -и ширкати «Мегафон» Мария Веторази дар суҳбат изҳор дошт, ки «барнома ҳашт сол боз амал мекунад. Дастаи наврасони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин мусобиқа фаъолияти хуб нишон медиҳад ва се сол боз дастаи Мактаб-интернати ноҳияи Рӯшон ҷойи дуюмро соҳиб мешавад. Дастаи футболбозони навраси Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон соли равон ҳам дар бозии финалӣ бо дастаи ноҳияи Шаҳринав қувваозмоӣ намуда, соҳиби ҷойи дуюм гардид. Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «Мегофон» тасмим гирифтанд, ки дастаи футболбозони навраси Мактаб-интернати ноҳияи Рӯшонро, ки дар мусобиқа ҳамасола фаъолияти хуб нишон медиҳад, дар ҳайати ҳашт нафар ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия равона созанд.
Ба ҳамин хотир мо ҳам қарор додем, ки Фестивалро дар ноҳияи Рӯшон гузаронида, ҷавононро бештар ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намоем. Аз баргузории Фестивал маълум шуд, ки дар ноҳияи Рӯшон ба варзиш диқкати зарурӣ равона шудааст ва ҳатто роҳбарияти ноҳия дар он ширкат меварзанд».
Дар фарҷоми Фестивал раиси ноҳияи Рӯшон Имомназар Хоҷаназар ба варзишгарони наврас туҳфаҳои хотиравии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «Мегафон»-ро тақдим намуд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд






