Паҳлавонони навраси тоҷик аз Тошканд бо се медал баргаштанд

Апрель 16, 2018 11:21

ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  12-13 апрел дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон баргузор шуд, ки дар он паҳлавонони навраси тоҷик иштирок намуда, соҳиби се медал — 1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, паҳлавонони тоҷик Сулаймони Ҷамшед дар вазни -60 кг медали тилло, Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73 кг медали нуқра ва Фарорун Мирзошоев дар вазни -73 кг медали биринҷии мусобиқаро ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки  дар мусобиқаи мазкур  250 варзишгар аз 10 давлати дунё, аз ҷумла, аз Тоҷикистон 41 варзишгар дар 8 вазн (7 вазн миёни писарон ва 1 вазн миёни духтарон) иштирок намуданд.

Апрель 16, 2018 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад