Пагоҳ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи илм ҷашн гирифта мешавад

Апрель 12, 2018 15:12

ДУШАНБЕ, 12.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 13 апрел дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди касбии олимон—Рӯзи илм ҷамъомади тантанавӣ доир мегардад.

Тавре сардори маркази матбуоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Машраби Абдулло ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, пеш аз оғози ҷамъомад субҳи барвақт гузоштани гулчанбарҳо дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик С. Айнӣ, М. Турсунзода, Б. Ғафуров, С. У. Умаров, М. Осимӣ, Р. Баротов ва дигарон дар назар аст.

Ҳамчунин дар ин рӯз маросими пардабарорӣ аз рӯи лавҳаи хотиравии академик К. И. Сатпаев дар бинои Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Акаемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Сипас, бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони мамлакат соати 9 дар толори Академияи илмҳо ҷамъомад баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар ҷамъомад ба олимоне, ки соли 2018 соҳиби ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста шудаанд ва  олимоне, ки ба дастовардҳои назарраси илмӣ  ноил гаштаанд, дипломҳо ва ифтихорномаҳо супорида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи илми тоҷик таҷлил карда мешавад.

 

Апрель 12, 2018 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд