Рӯзҳои истироҳат дар боғҳои пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ -фароғатӣ баргузор мегарданд

Апрель 20, 2018 14:28

ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 апрели соли равон дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегарданд. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳр Душанбе роҳандозӣ шудааст.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 21  апрел Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ дар Боғи «Ирам», Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ» дар Боғи «Дӯстии халқҳо», Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи «Рӯдакӣ», Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» дар Боғи «Парчами давлатӣ», Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар Майдони 800-солагии Москва ва бахши фарҳанги ноҳияи Шаҳринав дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мекунанд.

Ҳамчунин 22 апрел Муассисаи давлатии «Ансамбли тарона ва рақси «Сомон» дар Боғи «Ирам», Муассисаи давлатии «Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода» дар Боғи «Дӯстии халқҳо», Коллеҷи кӯҳӣ ба номи С. Юсуповаи шаҳри Душанбе дар Боғи устод «Рӯдакӣ», Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар Майдони 800-солагии Москва ва Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ — Маркази ҷумҳуриявӣ эстетикии кӯдакону ҷавонон дар Боғи «Парчами давлатӣ» муваззаф гардидаанд.

Хотиррасон менамоем, ки барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи «Ирам» соати 10:00 ва дар дигар боғҳо соати 18:00 баргузор карда мешаванд.

Апрель 20, 2018 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст