РӮЗИ ПОЙТАХТ. Бахшида ба ин сана бори аввал дар саросари Тоҷикистон беш аз 500 чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегарданд!
ДУШАНБЕ, 19.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 21 апрели соли равон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахт 500 чорабинии фарҳангиву фароғатӣ, иттилоотиву таблиғотӣ, мусобиқаҳои оммавӣ – варзишӣ ва солимгардонӣ баргузор мегардад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, таҷлили Рӯзи пойтахт бори нахуст дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор шуда, мақсади асосии он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонону варзишгарон ва шаҳрвандони мамлакат мебошад. Аксарияти ин чорабиниҳо 21 апрел баргузор мегарданд.









Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






