Раиси Департаменти фарҳангии Ҳукумати Аморати Шарҷа аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд

Апрель 25, 2018 10:54

ДУШАНБЕ, 25.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими равобити фарҳангӣ, табодули таҷрибаи осорхонавӣ, тармиму таҳкими китобу дастхатҳои нодир, таҳия ва чоп намудани феҳристи ёдгориҳои нодири осорхона бо забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ, ташкил ва баргузор намудани намоишҳои муваққатӣ дар Тоҷикистону Аморати Шарҷа, омода намудани мутахассисон дар соҳаи тармиму консерватсия ва ғайра дирӯз, 24 апрел дар вохӯрии Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода бо Раиси Департаменти фарҳангии Ҳукумати Аморати Шарҷа, Президенти Институти Шарҷа оид ба мерос Абдулазиз ал-Мусаллам баррасӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи илмӣ-методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов хабар дод, Абдулазиз ал-Мусаллам тавассути  толорҳои экспозитсионии Осорхона бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз низдик шинос шуд.

Мавриди зикр аст, ки диққати меҳмононро бештар диорамаи «Асри санг», толори «Сосониён», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ» бо дастхату китобҳои нодир, машҳуртарин ёдгории таърихии халқи тоҷик — «Меҳроби Искодар», инчунин «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба худ ҷалб намуданд.

Ҳамчунин Раиси Департаменти фарҳангии Ҳукумати Аморати Шарҷа Абдулазиз ал-Мусаллам ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро қайд намуд.

Апрель 25, 2018 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад