Раиси ноҳияи Б. Ғафуров бо донишҷӯёни ноҳия, ки дар муассисаҳои олии пойтахт таҳсил мекунанд, мулоқот намуд
ДУШАНБЕ 06.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ бо донишҷӯёни ноҳия, ки дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, доир гардид.
Зимни мулоқот раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зикр намуд, ки «имрӯз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароити таҳсил барои ҷавонон муҳайё гардидааст, то малакаву зеҳни ҷавонон барои пешрафт ва рушди мамлакат самаранок истифода шавад».
Ба таъкиди Зариф Назирӣ, айни замон дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ аз ин ноҳия 9975 нафар, аз ҷумла, 1155 нафар дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд. Ҳамзамон зикр гардид, ки аз 164 нафар донишҷӯе, ки аз ноҳияи Б. Ғафуров тибқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил намудаанд, дар айни ҳол 79 нафари онҳо баъди хатм дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ пурмаҳсул фаъолият доранд.
Дар анҷоми мулоқот раиси ноҳия ба 220 нафар донишҷӯ аз ноҳияи мазкур кумаки молиявӣ расонид.











Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






