Рамазон Раҳимзода: «Ислоҳоти қонунгузории мурофиавӣ-ҷиноятӣ шарти муҳими таъмини қонуният дар мурофиаи суди ҷиноятист»

Апрель 9, 2018 15:07

ДУШАНБЕ, 09.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тафтишоти пешакӣ ва дурнамои инкишофи он», ки ба таъсиси дастгоҳи тафтишотӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ бахшида шудааст, конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс олимони барҷастаи ватанӣ, судяҳо, прокурорҳо, муфаттишон ва роҳбарони дастгоҳҳои тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин бори нахуст намояндагони Донишгоҳи давлатии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки ислоҳоти қонунгузории мурофиавӣ-ҷиноятӣ яке аз муҳимтарин шартҳои таъмини қонуният дар мурофиаи суди ҷиноятӣ мебошад ва мавзӯе, ки дар конфронс муҳокима карда мешавад, бешубҳа, ба таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон алоқамандии зич дорад.

Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, ки фикру ақида ва тавсияҳое, ки дар баромадҳои иштирокчиён пешниҳод мешаванд, ба такмил додани қонунгузории мурофиавӣ-ҷиноятӣ, фанҳои таълимӣ ва фаъолияти амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсири мусбат мерасонанд.

Дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии Донишгоҳи давлатии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Ш.Ф. Файзиев оид ба таҳлили муқоисавии мақомоти тафтишотии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи худро ба иштирокчиёни форум пешниҳод намуд.

 

Апрель 9, 2018 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд