Рауф Олимӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ: «Барои афзун намудани табодули молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон заминаҳои мусоид фароҳаманд»

Апрель 3, 2018 08:19

ДУШАНБЕ, 03.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 9-10 марти соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат  Мирзиёев  бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард ва сафари роҳбарияти олии кишвари дӯст сафари таърихӣ унвон шуд. Зеро бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат  Мирзиёев монеаҳое, ки тӯли даҳсолаҳо пайдо шуда буданд, бартараф гардиданд ва барои густариши робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Дар доираи мулоқоту гуфтушуниди ҷонибҳо тақрибан 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин соҳаҳои мудофиа ва амнияти ҷонибҳоро танзим менамоянд.

Яке аз падидаҳои неке, ки боиси хушҳолии мардуми тоҷику ӯзбек гардид, ин боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ мебошад. 1 марти соли равон бо иштироки роҳбарият ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва намояндагони вилояту навоҳии ҳаммарзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаргоҳҳои сарҳадии “Саразм-Ҷартепа”, ”Ӯротеппа-Кушкент”, “Зафаробод-Хавостобод”, “Ҳавотоғ-Учқурғон”, “Ҳаштияк — Бекобод”, “Навбунёд-Поп” ва “Равот” боз шуданд. Минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд ба муддати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои ҳамдигар  сафар намоянд.

Воқеан ҳам халқҳои тоҷику ӯзбекро аз қадимулайём муштаракоти таърихию фарҳангӣ, риштаҳои хешу таборӣ бо ҳам мепайванданд ва онҳо асрҳо инҷониб дар канори ҳам бо кумаки якдигар зиндагӣ мекунанд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар консерти «Шоми дӯстӣ», ки ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ташкил гардида буд, таъкид намуда, гуфтанд: “Халқҳои мо, новобаста аз мушкилоти зиёд ва рӯйдодҳои таърих, ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрӯз нигоҳ доштаанд. Дарвоқеъ, тоҷикон ва ӯзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дӯстию бародарӣ кӯшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошанд”.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки беҳтар шудани муносибатҳои дуҷониба ба тамоми соҳаҳо таъсири мусбати худро мерасонанд. Аз ҷумла, интизор меравад, ки минбаъд дар муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ низ гардиши куллӣ ба вуҷуд омада, ҳаҷми табодули молу маҳсулот миёни давлатҳо ба маротиб афзун гардад.

Тибқи маълумоти расмӣ, соли гузашта табодули мол миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 126,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки 57,1 миллион доллар ба содирот ва 69,3 миллион доллар ба воридот рост  меояд. Дар мулоқоту музокироти сатҳи олии Сарони ҳар ду давлат таъкид гардид, ки дар оянда бо истифода аз имкониятҳо ва робитаҳои иқтисодӣ ин нишондиҳанда то ба 500 миллион доллар ва баъдан то ба 1 миллиард доллар расонда мешавад. Дар ҳақиқат, барои афзун намудани табодули молу маҳсулот миёни кишварҳо заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Чунки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон алюминий, хушкмева ва меваҳои тару тоза, маҳсулоти нассоҷӣ, қолин ва дигар маҳсулоти саноатӣ содирот намояд. Техникаи маишӣ, мошинолот ва дигар маҳсулоти ниёзи аввале, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол мешаванд,  дар бозори Тоҷикистон муштариёни худро доранд.

Ҳамин тариқ, бо қаноатмандӣ метавон изҳор дошт, ки баробари ба тасвиб расидани силсилаи созишномаҳо ва татбиқи сиёсати дурбинонаи роҳбарони олии ду кишвар муносибатҳои дӯстонаи тоҷикону ӯзбекҳо таҳким меёбад ва мардумони мо зери ливои дӯстӣ умр ба сар мебаранд.

Рауф ОЛИМӢ,

номзади илмҳои иқтисодӣ,

директори Донишкадаи иқтисод ва савдои

Донишгоҳи давлатии тиҷорати

Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Апрель 3, 2018 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед