Роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ дар Минск ҷамъ меоянд
ДУШАНБЕ, 17.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус — шаҳри Минск ҷаласаи ХХIV Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ вазифаҳои агентиҳои иттилоотиро оид ба инъикоси арзишҳои анъанавию фарҳангии халқҳои Иттиҳод дар доираи Соли фарҳанг дар ИДМ, инчунин натиҷаҳои фаъолияти агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ дар соли сипаригардидаи 2017 ва дурнамои онро барои соли 2018 баррасӣ намоянд.
Ҳамзамон аъзои Шӯро бо таҷрибаи фаъолият ва дурнамои рушди Агентии иттилоотии Беларус — БЕЛТА ошно гардида, масъалаи марбут ба инъикоси сеюмин Бозиҳои байналмилалии дарпешистодаи бодиянишинон дар Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи ХХIV Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ муовини директори АМИТ «Ховар» Сарварой Азимова намояндагӣ мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






