РВКД ДУШАНБЕ ХАБАР МЕДИҲАД: Зимни ҷинояти авбошӣ 16 нафар боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 12.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошт ва муайян гардидани шахсияти 16 нафар ҷавонону ноболиғон, ки дар ҷинояти гурӯҳӣ даст доштанд, хабар медиҳад.
Тавре ёрдамчии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Муҳсинҷон Муҳаммадӣ зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, «шоми 28 марти соли равон тахминан соатҳои 19:40 байни 2 гурӯҳ ҷавонони маҳаллаҳои Гипрозем ва ноҳияи Рӯдакӣ бо истифода аз чӯбдасту олоти оҳанин муноқишаи гурӯҳӣ сар задааст, ки дар натиҷа ба 9 адад мошинҳои сокинони маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе хисороти моддӣ расонида шудааст».
Ба иттилои манбаъ, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ барои даст доштан дар ин ҷинояти гурӯҳӣ 16 нафар ҷавонону ноболиғон, аз ҷумла, 2 нафар хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 нафар донишҷӯёни донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе дастгир ва нисбат ба онҳо бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Инчунин нисбат ба 15 нафар қарор дар намуди ба ҳабси пешакӣ гирифтан содир гардида, нисбат ба 1 нафар ноболиғ чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи набаромадан аз ҷойи истиқомат татбиқ карда шуд.
Зимни пешбурди тафтишот ва пурсиши шоҳидону гумонбаршудагон муайян карда шуд, ки 16 нафар ҷавонони дастгиршуда дар ҳайати ду гурӯҳ зери нуфузи роҳбарони гурӯҳ дастгиршуда Шаҳзод Носиров ва аз ҷониби дигар Наҷибулло Баротов байни ҳам муноқишаи гурӯҳӣ ташкил ва содир намудаанд.
Ба гурӯҳи аввал, ки зери роҳбарии гумонбаршуда Шаҳзод Носиров ҷамъ шудаанд, ба ғайр аз худи ӯ ҳамчунин 4 нафари дигар тааллуқ доранд. Гурӯҳи дуюми авбошон зери роҳбарии дастгиршуда Наҷибулло Баротов ҷамъ шудаанд.
Қаблан низ дар якчанд гузоришҳо иттилоъ дода будем, ки имрӯзҳо содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ, аз ҷумла, муноқишаву авбошиҳои гурӯҳӣ ҳамоно ташвишовар боқӣ монда, гувоҳи маърифати пасти содиркунандагони он мебошанд.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, тибқи таҳлилҳои тафтишотӣ, масъалаи дигаре, ки ба содиршавии авбошиҳои гурӯҳӣ оварда мерасонад, беназоратии волидайн нисбат ба рафтору кирдори фарзандон ва хунукназарии онҳо ҷиҳати риояи ҳатмӣ ва бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад. Зеро ин ҳодисаи ҷиноятӣ маҳз аз беназоратии волидайн ва дигар атрофиён сар задааст, ки ҳатто дар байни иштирокчиёни он хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олии ҳудуди шаҳри Душанбе ҳастанд.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






