«САҲМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲИФЗИ ОБИ ТОЗА» — мизи мудаввар бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 14.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар китобхонаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми Тоҷикистон дар ҳифзи оби тоза» мизи мудаввар доир гардид. Чорабинии мазкур ба ифтихори «Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028», ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Мутаҳид пазируфт шуд, баргузор шуд.
Иштирокдорони мизи мудаввар дар мавзӯъҳои «Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи сарватҳои обӣ дар ҷаҳон», «Таҳлили ҷуғрофию омории оби ошомидани дар кураи замин», «Истифодаи оқилонаи оби тоза» ва «Бузургон дар васфи об» маърӯзаҳо карда, ба ҳозирин муҳимияти «Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028»-ро матраҳ намуданд.
Ба гуфтаи Ситора Абдумуминзода, директори китобхонаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, баргузории чунин мизи мудаввар, пеш аз ҳама, ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки доир ба мавқеи Тоҷикистон дар ҳифзи сарватҳои обӣ маълумот пайдо намуда, ҳамзамон аз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, махсусан масъалаи ҳамкории оқилона дар соҳаи об огоҳ бошанд.
Ӯ зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки «имрӯз бисёре аз мамлакатҳои дунё аз норасоиии оби тоза танқисӣ мекашанд ва масъалаи оби тоза яке аз масъалаҳои глобалӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли чунин мушкилоти сатҳи ҷаҳони мавқеи намоён дорад». Ҳамзамон дар мизи мудаввар корманди китобхона Ниёзов Алишер аз тариқи слайдҳо ҳисоботи омории мамлакатҳои ҷаҳонро аз нигоҳи захираи обӣ таҳлил карда, дар бораи мавқеи Тоҷикистон дар ин самт аз нигоҳи сиёсӣ ва ҷуғурофӣ маърӯза намуд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»









БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






