Саҳми усто Зиёратшоҳ дар рушди ҳунарҳои мардумии Файзобод

Апрель 30, 2018 12:21

ФАЙЗОБОД, 30.04.2018 /АМИТ  «Ховар»/. Ҳунар сармояи бузургест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват ва симузар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат  бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси соҳибҳунар дарахти босамареро мемонад, ки меваҳои ширин ба бор меоварад. Дар робита ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” ба ноҳияи Файзобод сафар карда, бо фаъолияти яке аз оҳангарони ин минтақа, усто Зиёратшоҳ шинос шуд.

Дар тӯли асрҳо дар ноҳияи Файзобод ҳунарҳои мардумӣ аз байн нарафтанд ва дар замони истиқлолияти давлатӣ ҳунарҳои миллӣ, аз қабили оҳангарӣ, табақтарошӣ ва намудҳои бисёри  гулдӯзӣ рушд намуда истодаанд. Ҳунармандони зиёде дар рушду нумуи ҳунарҳои мардумии ин минтақа саҳми худро мегузоранду аз маҳсули дастони онҳо мардуми ноҳия истифода мебаранд. Яке ан онҳо усто Зиёратшоҳ, сокини деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод мебошад, ки бо ҳунари оҳангарӣ машғул аст.

Зиёратшоҳ давомдиҳандаи касби бобои худ усто Аслон мебошад. Бобояш усто Аслон  солҳои 1935-1948-и қарни гузашта дар устохонаи оҳангарии колхози Обигарм кор мекард. Баъдтар солҳои панҷоҳум дар деҳаи Дубедаи ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳия устохонаи оҳангарӣ кушода, ҳамроҳи писараш ҳоҷӣ Сайёд ин ҳунарро идома дод.

Зиёратшоҳи наврас назди бобою падари худ шогирд истода, ин касбро аз худ намуд. Баъди  хатми омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ноҳия, тавре мегӯянд, оташи устохонаи авлодиашро хомӯш шудан намонд. Зиёратшоҳ  ҳунари оҳангариро, ки заҳматталаб мебошад,  ба фарзандонаш Зинатшоҳ ва Ғафуршоҳ ёд додааст. Падару писарон барои мардум корду табар, тешаю гулмех, белу каланд, кафгиру наъли асп ва дигар намуд асбобҳои оҳанӣ тайёр мекунанд.

Усто Зиёратшоҳ ба замми устои оҳангар буданаш раисии маҳаллаи Дубедаи -1 ва вакили ҷамоатро низ бар уҳда дорад. Маҳз саъю талошҳои ӯ ва ғайрати ҳамдеҳагонаш аз Чашмаи Пири Хол, ки то деҳа  масофаи 7 км дурӣ дошт, оби нӯшокӣ оварда шуд.

Бояд гуфт, ки маҳсули кори Зиёратшоҳ дар намоишҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ мақбули тамошобинон мебошад. Имрӯз яке аз гӯшаҳои осорхонаи ноҳияро маҳсули ҳунари оҳангарии ӯ  зеб медиҳад.

Апрель 30, 2018 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад