«Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ»-конференсияи ҷумҳуриявӣ дар Душанбе

Апрель 4, 2018 14:05

ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ»-таҳти чунин унвон бахшида ба 140-солагии аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик  академик Садриддин Айнӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

Аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз  ташаббускорони асосии ин конференсия  мебошад, ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷамъомади мазкур  13 апрели соли 2018, соати 9 дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолият ва саҳми бузурги устод Садриддин Айнӣ дар ҳифзи асолати забон, бузургдошти анъанаҳои миллӣ ва мақоми ҷаҳонии Айнӣ ҳамчун мутафаккири тоҷик баррасӣ мешаванд.

Апрель 4, 2018 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд