Сабабҳои бадшавии саломатии хонандагон дар мактаби Муъминобод муайян мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар сомонаҳои хабарӣ оид ба бад шудани ҳолати беш аз 20 нафар хонандагони мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод, ки бо нишонаҳои дилбеҳузурӣ ва беҳушӣ дар беморхона хобонида шуда, таҳти назорати пизишкон қарор доранд, хабар паҳн гардид.
Дар робита ба ин мухбири АМИТ «Ховар» бо мутахассиси Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоиршоҳ Ишратов, ки айни ҳол дар ноҳияи Муъминобод қарор дорад, ҳамсуҳбат гардид.
Бино ба иттилои Зоиршоҳ Ишратов, баъд аз маълум шудани ин ҳолат як гурӯҳ мутахассисон ба ноҳияи Муъминобод сафарбар гардиданд.
«Баъд аз гирифтани иттилоот оид ба ин ҳодиса мо худи ҳамон рӯз ба ноҳияи Муъминобод сафар кардем. Айни ҳол мо дар деҳаи Чаргии ноҳия қарор дорем ва ҳолати дар мактаби рақами 23 рух додаро санҷида истодаем»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ба иттилои мутахассис, айни ҳол 27 хонандае, ки бо сабаби дарди сару беҳолӣ худро нотоб ҳис кардаанд, аз ташхис гузаштанд ва дар онҳо ҳодисаи заҳролудшавӣ ба қайд гирифта нашуд.
Зоиршоҳ Ишратов мегӯяд, ки «ҳанӯз сабаби бемории хонандагон маълум нест. Барои муайян кардани он мо дар мактабу ҷои зисти хонандагон санҷиш гузаронида истодаем. Айни ҳол вазъи саломатии хонандагон хуб аст ва ҷойи нигаронӣ надорад».








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






