Сафи донорони хун ва плазмасупор дар Тоҷикистон меафзояд

Апрель 20, 2018 11:51

ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷро ва дар амал татбиқ намудани «Барномаи милли рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  ‎2015 — 2019» мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии Хун» ҷиҳати ҷалби донорони хун ва плазмасупор тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ менамоянд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, давоми ҳафтаи сипаригардида дар филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани раванди ҳаракати донорӣ чорабиниҳо баргузор карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни чорабиниҳо дар асоси чораҳои андешидашуда бо мақсади ҷалби донорон 336 нафар донори хун ва плазмасупор дар  филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии Хун»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз қайд гузаштанд, ки аз онҳо ба миқдори 174 л 930 мл  маводҳои хун гирифта шуд.

Маврид ба таъкид аст, ки  ҷалби  донорони хун ва плазмасупор бо мақсади таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва ҳамзамон ҷиҳати расонидани  кумаки фаврӣ ба беморони эҳтиёҷманд роҳандозӣ гардидааст.

 

 

 

Апрель 20, 2018 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд