САЙРУГАШТ ДАР ЛОЛАЗОРИ ДУШАНБЕ. Суратгузориши АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистонро бо табиати зебову афсункораш сарзамини биҳиштосо ном мебаранд, ки ин воқеият аст. Хусусан дар фасли баҳорон табиати зебои мамлакатамон сабзу хуррам ва лолазор гардида, тамошои он ба дидаҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшад.
Мавриди зикр аст, ки соли 2014 дар Тоҷикистон ҳангоми авҷи шукуфоии лолаҳои рангоранг ҷашни «Сайри гули лола» таҷлил гардида буд, ки ҳадафаш эҳёи суннатҳои ниёгон дар тарғиби ҳисси зебоипарастӣ, ободу зебо гардонидани муҳити зист, талқини фазилати гулпарварӣ миёни шаҳрвандон, нигоҳдории арзишҳои табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳон ва рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Таъкид гардида буд, ки ҷашни «Сайри гули лола» дар оянда дар Тоҷикистон дар фасли зебои баҳор ба ҳукми анъана медарояд.
Дар ин рӯзҳои зебои баҳорӣ сайругашт дар гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои истироҳатии пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе, ки бо меҳнати шабонарӯзии кормандони сохторҳои марбутаи ободонию сабзгардонии пойтахт дар асоси ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ беш аз пеш сабзу хуррам ва обод мегардад, басо фараҳафзост.
Дар ин росто, суратгири «Ховар» Тоҳир САИД зимни гашту гузор дар хиёбонҳои Душанбе манзараҳои дилфиреби лолазори пойтахтро дар дурбини аккосиаш сабт намудааст, ки ҳоло онҳоро дар сомонаи АМИТ «Ховар» ба маъраз мегузорем, то дар радифи сокинони пойтахт ва мамлакат ҳамватанони бурунмарзиамон низ аз зебоиҳои нотакрори лолазори қалби Ватан –Душанбеи домансабзу лолабаоғӯш баҳравар гардида, хушнуд бошанд.

















































Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






