«САЛОМАТӢ БАРОИ ҲАМА». Имрӯз дар муассисаҳои тиббии Суғд хизматрасонии ройгон ба роҳ монда шуд
ХУҶАНД, 07.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 апрел дар тамоми муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки соли равон таҳти унвони «Саломатӣ барои ҳама» доир мегардад, рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз раёсати идораи тандурустии вилояти Суғд иттилоъ доданд, барои гузаронидани чорабинии мазкур тамоми кормандони тиб омода гардида, утоқҳои махсуси қабули сайёр низ тайёр карда шудаанд.
Дар ин рӯз аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб дар ҳамаи муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла, беморхонаи вилоятӣ, беморхонаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва марказҳои саломатӣ ба муроҷиаткунандагон ва беморон ташхис ва машваратҳои ройгон расонида мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз баргузории чунин иқдом нигаҳдории солимии ҷомеа ва пешгирии бемориҳо ба ҳисоб рафта, он ҳамчунин барои тарғибу ташвиқ ва ҳавасмандгардонии аҳолӣ ба тарзи ҳаёти солим, хосатан дар байни наврасону ҷавонон аҳамияти хосса дорад.
Бояд гуфт, ки шурӯъ аз соли 1950 ҳамасола дар саросари ҷаҳон 7 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии саломатӣ ҷашн гирифта мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






