Сардори РВКД-и Суғд ҷавононро ба зиракиву ҳушёрӣ ва бетараф набудан дар пешгирии амалҳои номатлуб дар ҷомеа даъват намуд
ХУҶАНД, 30.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон /РВКД ҶТ/ дар вилояти Суғд дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 500 нафар донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» вохӯрии судманд баргузор гардид.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбия, содиршавии ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва манъи ҳозиршудан ба донишгоҳҳо бо мошини шахсӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, дар оғози мулоқот ректори Донишгоҳ, профессор Мумин Шарифзода доир ба арзишмандии фаъолияти шабонарӯзии кормандони милитсия дар таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ёдовар гашта, иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоятро боиси дастгири хонд ва баён дошт, ки маҳаки асосии мулоқоти имрӯза ин тарбия ва ба амалҳои шоиста ҳидоят намудани ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Сардори РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Қудратулло Назарзода суханронӣ намуда, ҳамкории муассисаҳои таълимиро бо мақомоти корҳои дохилии вилоят дар ташкили мулоқоту суҳбатҳои ошкоро баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон назаррас арзёбӣ кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






