Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Сафири Чин дар Тоҷикистонро қабул намуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрели соли ҷорӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Юе Бинро қабул намуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба масълаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Тсиндаои Чин вохўрии навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар назар аст ва вохўриҳои сатҳи олии ҳар ду давлат дар рафти ин чорабинӣ ба ҳамкориҳои ду кишвари дўст такони тоза хоҳад бахшид.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ мизбони ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) Созмони ҳамкории Шанхай мебошад ва омодагиҳо барои баргузории чорабинии мазкур дар сатҳи лозима идома доранд.
Аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гашт, ки ширкатҳои чинӣ, ки масъули амалишавии лоиҳаҳои муҳими иқтисодии Тоҷикистон мебошанд, бояд дар иҷрои корҳо масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, корҳои ба зиммаашон гузошташударо дар муҳлатҳои муқарраргардида анҷом диҳанд.
Дар навбати худ Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии кишварашро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуда, амалишавии лоиҳаҳоро барои ҳар ду кишвар муфид арзёбӣ кард.
Сўҳбат дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






