Ширкати металлургии Боку омода аст, ки ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд
ДУШАНБЕ, 12.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрели соли 2018 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо президенти ширкати металургии Боку Расим Мамедов баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот Сафир ба ҳамсуҳбати хеш оид ба рушди иқтисодии Тоҷикистон, фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои мусоиди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикстон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин ҳолати кунунии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии байни кишварҳо иттилоъ дод.
Р. Мамедов омодагии худро ҷиҳати сармоягузорӣ намудан дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон изҳор намуд.
Ҷонибҳо чораҳои мушаххасро ҷиҳати рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, сармоягузорӣ, истихроҷ ва коркарди маъдан, гидроэнергетика, саноат, металлургия ва ангишт мавриди муҳокима қарор доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






