Шоми имрӯз Меҳрона Ғайбуллоева дар даври дуввуми озмуни «Ту беҳтарин!»-и шабакаи телевизиони «НТВ»-и Россия ҳунарнамоӣ мекунад

Апрель 30, 2018 15:55

ДУШАНБЕ, 30.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 30 апрел соати 22:00 ба вақти Душанбе (20:00 бо вақти Москва) дар шабакаи телевизионии «НТВ» даври дуввуми озмуни «Ту беҳтарин!» («Ты супер!») баргузор гардида, дар он намояндаи Тоҷикистон Меҳрона Ғайбуллоева иштирок мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази мабуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Меҳрона Ғайбуллоева, донишҷўи курси 1-уми шуъбаи сурудхонии академии Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе» ба номи Аҳмад Бобоқулов буда, моҳи феврали соли равон дар Озмуни байналмилалии телевизионии вокалии «Ту беҳтарин!»-и ширкати телевизионии «НТВ»-и  Федератсияи Россия ширкат варзид ва ба даври дуюм роҳ ёфт.

Бояд гуфт, ки озмуни  «Ту беҳтарин!» ба кӯдакони соҳибистеъдоде, ки ятиманд, имкон медиҳад қувваю истеъдоди худро санҷида, дар саҳнаҳои бузург сурудхонӣ намоянд. Ба озмуни «Ту беҳтарин!» ҳамасола беҳтаринҳо роҳ меёбанд. Дар  озмуни мазкур 82 навраси аз 8 то 18-сола аз Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Латвия, Эстония, Қазоқистон, Осетияи Ҷанубӣ, Германия ва Сурия иштирок намуданд. Меҳрона низ яке аз беҳтаринҳое мебошад, ки дар байни 82 нафар ҳунарнамоӣ карда, баҳои баланди ҳайати ҳакамонро сазовор гардид. Меҳрона аз хурдӣ аз падару модар ятим монда, хатмкардаи  Мактаб– интернати №1–и шаҳри Душанбе мебошад.

Апрель 30, 2018 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд